"11 зарби корд". Ҷасади фаъоли собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара ёфтанд
Пас аз ҳафт рӯзи нопадид шудан ҷасади Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнони 60-сола, соҳибкор ва собиқ фаъоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Исфара пайдо шудааст.
Ҷасади ӯро рӯзи 4-уми май дар зодгоҳаш, деҳаи Сурхи Исфара, ба хок супурданд.
Мақомот расман сабаби марги сокини Исфараро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш мегӯянд, "дар бадани ӯ 11 осори корд дида мешуд."
Абдусалом, яке аз пайвандони ӯ рӯзи 4 уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду нафар рӯзи 27-уми апрел бо ваъдаи он ки писарашро аз зиндон озод мекунанд...