Даргирии Толибон ва сокинон бар сари тахриби киштзорҳои кӯкнор
Манбаъҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки афроди ҳукумати Толибон бо мардуми маҳал бар сари тахриби киштзорҳои кӯкнор даргир шуданд. Ин даргирӣ рӯзи ҷумъа, 8 май дар деҳаи Отанҷилави ноҳияи Аргу, рух додааст.
Ба гуфтаи як манбаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, даргирӣ замоне оғоз шуд, ки мардуми маҳал монеи тахриби киштзорҳои кӯкнор шуданд.
Як манбаи огоҳ дар маҳал, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахост номаш гирифта шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин даргирӣ як кӯдак кушта шудааст.