Баъди ҳамлаи паҳподҳо 13 фурудгоҳи Русия аз кор мондааст
Дар пайи ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Ростови лаби Дон, кори 13 фурудгоҳ дар ҷануби Русия маҳдуд шуда, даҳҳо парвоз бекор шудааст.
Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ин тасмим баъди ҳамлаи паҳподҳо ба идораи маъмурии корхонаи Аэронавигатсия дар ҷануби Русия гирифта шуд.
Ба ин тартиб, кори фурудгоҳҳои Астрахан, Владикавказ, Волгоград, Гелендҷик, Грозний, Краснодар, Махачқалъа, Магас, Минералние Водий, Налчик, Сочи, Ставропол ва Элиста муваққатан маҳдуд шуд. Дертар хабар расид, ки дар кори...