Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд
Як сокини шаҳри Турсунзода аз зарбаи раъду барқ ҷон бохта, ду каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса баъд аз зуҳри 3-юми май дар деҳаи Кадучӣ рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, соати 19:10 ҷасади шахси баҳалокатрасида ва ҷароҳатбардоштагон ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода интиқол дода шуданд".
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шахси фавтида як ҷавони 17-сола будааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, захмиёни раъду барқ яке 18 ва дуввумӣ 27-сола...