Равуои бе виза миёни Тоҷикистон ва Молдова ҳифз шудааст
Низоми бераводид ё виза байни Тоҷикистону Молдова нигоҳ дошта шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2 май хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта порлумони Молдова созишномаи сафари бидуни раводид бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор карда буд. То ин замон танҳо дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ метавонистанд, бе раводид вориди Молдова шаванд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Молдова пештар хабар дода буданд, ки давоми панҷ соли ахир...