Ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Гузоришҳо аз ҳалокати як нафар
Дар пайи боридани борони сахт шоми 1-уми май ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, маҳаллаҳои асосии шаҳр зери об монданд ва дастикам як нафар ба ҳалокат расидааст. Мақомот дар бораи ин ҳодиса ва фавти ин сокин расман хабар надодаанд.
"Ин сокин зери девор монда, ба ҳалокат расидааст", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.
Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ дида мешавад, ки ба ғайр аз роҳҳои калон сел ба ҳавлии сокинон даромадааст.
Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст.