Кони тилои Қумтор дигарбора фаъол шуд Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" иҷозат ёфт, ки фаъолиятро аз сар гирад. Дар ин бора Элдар Тоҷибоев, намояндаи ширкат хабар дод. Ба гуфтаи вай, нақшаи кори соли 2020 бо Кумитаи давлатии саноату энержии Қирғизистон мувофиқа шудааст. Баъди лағзиши куҳпора дар моҳи декабри соли гузашта дар кони Қумтор ҳамакнун хоки бехташударо дар партовгоҳҳои "Чон-Сари-Тор" ва "Кичи-Сари-Тор" мерезанд. "Ҳоло ширкат ба идома додани фаъолият омода мешавад. 500 коргаре ки то ин замон бекор буданд, бо навбат ба коргоҳ даъват мешаванд",-гуфт Тоҷибоев. Читать полностью...