Амалиёти зидди муҳоҷирон дар гӯшаҳои Русия Дар минтақаҳои гуногуни Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад. Ба иттилои “МВД Медиа”, нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Кемерево дар пайи рейди васеъмиқёси панҷрӯза ҳудуди 500 мавриди нақзи қонуни муҳоҷиратро ошкор кардаанд. Пулис гуфт, рейдҳо дар тамоми вилоят сурат гирифта, нерӯҳои амниятӣ ҳуҷҷати ду ҳазор муҳоҷирро тафтиш карданд. Дар Новокузнетск маъмурони интизомӣ аз сохтмоне 12 муҳоҷири беҳуҷҷатро пайдо кардаанд. Нозирон дар Белов автобусеро, ки як муҳоҷир бидуни иҷозатномаи кор идора мекард, боздоштанд. Читать полностью...