Тазоҳургарон дар Шаҳрикурд "марг бар Раисӣ" шиор додаанд Садҳо нафар аз тазоҳургарон дар вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ дар Эрон, ки ба зидди камобӣ дар вилоят эътироз доштанд, “марг ба Раисӣ” шиор додаанд, ки ишора ба номи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ аст. Дар видеоҳое, ки рӯзи 16-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, садҳо нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят дар маркази он Шаҳрикурд дида мешаванд. Об дар инҷо дар 10 рӯзи гузашта бисёр кам шудааст ва ба мардум фақат бо мошинҳои обкаш об тақсим мекунанд. Неруҳои амниятӣ ҳам дар байни тазоҳургарон дида мешаванд... Читать полностью...