Рақибони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд Қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 14-ум то 18-уми сентябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷавонони Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир мегардад... Читать полностью...