Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Баҳрайн, Туркманистон ва Узбекистон рақобат мекунад Имрӯз, 26-уми май, дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) қуръакашии Ҷоми Осиё оид ба футзал доир шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии АFC (Конфедератсияи футболи Осиё). Ба иттилои манбаъ, барои унвони зӯртарин дастаи қора дар Ҷоми Осиё 16 мунтахаби миллӣ мубориза мебарад. Мусобиқа аз 27-уми сентябр то 8-уми октябри имсол дар Кувайт баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа се дастаи мунтахаби миллии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон - дар гурӯҳи «B» рақобат мекунанд. Ба онҳо мунтахаби Баҳрайн ҳамроҳ мешавад. Читать полностью...
В Красноярском крае сотрудники и военнослужащие Росгвардии почтили память ликвидаторов аварии на Чернобыльской АЭС
Росгвардейцы из Минусинска заняли призовое место на Межрегиональном турнире по пулевой стрельбе, посвященном памяти Героя России Ивана Кропочева