Эрон киштии се моҳ ҳабсшудаи Кореяи Ҷанубиро раҳо кард Эрон як киштии нафткаши Кореяи Ҷанубиро, ки давоми се моҳ бо далели масдуд шудани миллиардҳо доллар маблағҳояш дар паи таҳримҳои ИМА ҳабс шуда буд, озод намуд. Дар як изҳороташ рӯзи 9-уми апрел вазорати хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки киштии “Ҳанкук Чеми” ва фармондеҳаш озод шуда, тими киштиронҳо соҳилҳои Бандар Аббосро тарк карданд. Эрон ин киштиро рӯзи 4-уми январ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳабс карда буд. Замоне, ки он ҳабс шуд, эрониҳо гуфтанд, киштӣ қонунҳои муҳитзистиро вайрон карда нафт ба обҳо роҳ додааст. Читать полностью...