Як рӯзноманигори қазоқистонӣ гуфт, аз сӯи пулис латту кӯб шудааст Рӯзноманигори ширкати "Остона"-и Қазоқистон Баҳромбек Толибҷонов гуфт, шаби 2 март дар шаҳри Чимкент аз сӯи кормандони пулис латту кӯб шудааст. Толибҷонов он шаб аз рафти сӯхтори бозори маҳаллӣ гузориш таҳия мекард. Ба гуфтаи рӯзноманигор, кормандони пулис дастонашро тоб дода, дар рӯ ва гурдаҳояш задаанд. "Ман гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастам ва ба кори ман халал нарасонанд. Ба маҳзи ин ду корманди пулис аз дасту поям бардошта, ба мошини пулис бурданд. Дар рӯ ва гурдаҳоям заданд", - гуфт Толибҷонов. Читать полностью...