Пашинян дар ҳалқаи тарафдоронаш кишварро ба оромӣ даъват кард Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян аз сарбозон хост, ки «кори худро иҷро» ва кишварро, ба гуфтааш, аз «талоши кудатои низомӣ” дифоъ кунанд. Пашинян, ки рӯзи 25 феврал дар баробари тахминан 20 ҳазор тарафдораш дар майдони Республикаи шаҳри Ереван ҳозир шуд, хитоб ба мардум гуфт, ки намегузорад низомиҳо ҷилави қудратро ба даст бигиранд. Пашинян дар ҳалқаи сахти амниятӣ сӯҳбат мекард ва бори дигар талаби Ситоди кулли артиши Арманистонро дар бораи истеъфои ӯву ҳукумат рад намуд. Дар номае, ки ин ситод ба Пашинян ирсол кард... Читать полностью...