ИМА тасмим дорад, ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ баргардад ИМА тасмим дорад, соли ҷорӣ дубора ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ баргардад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтонӣ Блинкин рӯзи 24-уми феврал хабар дод. Ба гуфтаи вай, Вашингтон барои узвият дар солҳои 2020 то 2024 дар Шӯро дархост ирсол кардааст. "Мо аз ҳамаи кишварҳои узви СММ хоҳиш мекунем, ки аз дархости мо ҳимоят кунанд",-гуфт Энтонӣ Блинкин. ИМА аз Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар моҳи июни соли 2018 хориҷ шуд. Президенти вақти ИМА Доналд Трамп Шӯрои мазкурро барои муносибатҳояш бо Исроил ва ислоҳпазир набуданаш танқид карда буд. Читать полностью...