Эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Дар шаҳри Ереван ҳазорҳо нафар бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Никол Пашинян раҳпаймоӣ карданд. Эътирозҳои 22 феврал ҳам ба норизоияти сокинони маҳаллӣ аз шеваи ҳалли низои мусаллаҳона дар Қаробоғи Кӯҳӣ рабт мегирад, ки бо имзои созиши сулҳ бо Озарбойҷон ва тарки бархе қаламравҳои арманинишин кардани мардуми маҳаллӣ анҷомид. Эътирозгарон ба майдони Фаронсаи шаҳри Ереван рафта роҳҳои марказиро бастанд ва муваққатан ҳаракатро масдуд намуданд. Издиҳом базудӣ пароканда шуд, вале мухолифон гуфтанд, ки 23 феврал дубора ҷамъ мешаванд. Читать полностью...
Всероссийский субботник пройдет на территории сервисного локомотивного депо «Москва-Сортировочная» 27 апреля!
Туроператоры назвали направления, куда россияне поедут отдыхать на майские праздники: некоторые страны удивили