Интизор меравад, ки Доналд Трамп дар охирин рӯзи пурраи кориаш дар мақоми президенти ИМА қарори афви даҳҳо нафар, аз ҷумла ҷинояткорони маҳкумшударо содир кунад. Ин дар ҳолест, ки мизони маҳбубияти Трамп дар поинтарин сатҳ - 34 дарсад қарор дорад. Матбуот бо такя ба манбаъҳо дар Кохи Сафед менависад, ки эҳтимолан аз 60 то 100 нафар, аз ҷумла, бархе гурӯҳҳо бахшида шаванд. Дар миёни онҳо матбуот аз исми як репсаро ва як духтури зиндон ёд мекунад, ки барои тақаллуб ҷазо гирифтааст. То ҳол маълум нест...