Дар Қирғизистон тарҳи Сарқонуни навро зидди ҳуқуқи инсон номиданд Сардори Маркази пажӯҳишҳои башарии Академияи миллии улуми Қирғизистон Чопон Койчуманова 23 ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси конститутсионӣ банди 23-и лоиҳаи Қонуни асосии нави ин кишварро ба баҳс кашид. Дар ин банд омадааст, "фаъолияти расонаҳо, аз ҷумла чопӣ, электронӣ, телевизионӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятие, ки хилофи арзишҳои ахлоқии эътирофшудаи умум, анъанаҳои мардуми Қирғизистон ва меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, манъ аст". "Ҳар кас мафҳуми арзиш ва анъанаро ҳар хел мефаҳмад. Имрӯз кӣ муайян мекунад, ки арзишҳо ва анъанаҳо кадоманд? Читать полностью...