Тазоҳурот дар Туркманистонро бо "орд" фӯру нишонданд Мақомоти Туркманистон тазоҳуроти гурӯҳе аз занонро, ки аз норасоии маводи ғизоӣ эътироз доштанд, бо тақсими орд ба онҳо фӯру нишондаанд. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзи 3-уми апрел 30 зан дар шаҳри Марв ба нишони эътироз аз набуди орд ва рӯған ба кӯча баромада ва муддати кӯтоҳе шоҳроҳи аслӣ ба самти Ишқобод, пойтахти Туркманистонро бастаанд. Сипас онҳо ба назди қароргоҳи ҳукумати шаҳр омадаанд ва баъди онки дастур шудааст, ба онҳо ду килоӣ орд тақсим кунанд, ба хонаҳояшон баргаштаанд. Читать полностью...
Авиабилеты со скидкой 50%: до окончания распродажи крупнейшей частной авиакомпании России осталось несколько часов. А вы успели?