Зодгоҳи Бердимуҳаммадов беҳтарин ноҳия эълон шуд Ноҳияи Геоктепини Туркманистон барандаи озмуни беҳтарин ноҳияҳои он кишвар дар соли 2019 эълом ва соҳиби 1 миллион доллари ИМА шуд. Ба навиштаи расонаҳо, маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 13-уми феврал дар деҳаи Изганти ноҳияи Геокдепин сурат гирифт. Дар ин маросим ноиби сарвазир, вакилони порлумон, роҳбарони вилоятҳову ноҳияҳо, намояндаи созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигарон ширкат карданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон фармон дар бораи тақдими 1 млн долларро 7-уми феврал имзо карда буд. Читать полностью...