Кузбасская первоклассница стала чемпионом Кубка России по аэротрубным дисциплинам
Мария Багреева: эксперт РА подтвердило зеленый статус облигаций Москвы
АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года
ФОК на Москворецкой улице в Бронницах достроят к декабрю
Падарро аз Русия ронданд, зану фарзандаш монд. ВИДЕО
Ҳайдаралӣ Қурбонов, сокини 55-солаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ду сол боз бо ҳамсару фарзандонаш танҳо ба воситаи телефон суҳбат мекунад. Ба фарқ аз ҳазорон муҳоҷир, Ҳайдаралӣ Қурбонов дар Тоҷикистон аст ва ҳамсару се фарзандаш дар Русия қарор доранд. Ӯро охири соли 2017 аз Русия рондаанд.
Мақомоти Русия ҳар сари чанд вақт баъзе аз муҳоҷирони тоҷикро бо гуноҳи поймол кардани қоидаи будубош ё қонуншикании дигар ихроҷ мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ин ҳолатро ба ҳайси фишор ба ҷониби Тоҷикистон истифода мекунанд.