Бозпурсии рӯзноманигор Далер Шарифов. Ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро, ки бо дидгоҳҳои мутафовиташ шинохта мешавад, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Мақомот то ба ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодаанд. Яке аз пайвандони Далер Шарифов рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ баъди як занги телефонӣ соатҳои тақрибан 11-и рӯзи гузашта аз хона берун рафт. Читать полностью...