В Московской области сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже дорогостоящего электрооборудования
Чорвои бародари раиси КДАМ гум шудааст. Дуздӣ ё қочоқ ба Афғонистон? Гурӯҳе аз кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Фархор ба ҷустуҷӯи чорвои гумшудаи Абдулмӯъмин Ятимов, раиси Идораи ҷангали ноҳия ва бародари Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки говҳо дуздида шудаанд ва ё дар ҷангалҳои наздик ба сарҳад гум шудаанд. Бар асоси иттилои манобеи Радиои Озодӣ шаби 16-уми январ 49 сар гов ва як аспи мутаалиқ ба Абдулмӯъмин Ятимов аз як чарогоҳи наздик ба марзи Афғонистон, воқеъ дар ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор гум шуданд. Читать полностью...