Қазоқистон аз истирдоди як қазоқтабор ба Чин худдорӣ кард Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 16 январ Тлек Таборак, қазоқтабори Чинро, ки дар Қазоқистон дар "убури ғайриқонунии марз" айбдор мешавад, шаш моҳ зиндонӣ кард. Додгоҳ муҳлати адои ҷазои ӯро аз замони боздошт - 22 октябри соли 2019 ба ҳисоб ва ҳар рӯзи дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ шудани ӯро 2 рӯз эътироф кард. Ба ин тартиб, қазоқтабори Чин аз толори додгоҳ озод шуд. Тлек Таборак замони аз додгоҳ берун шудан гуфт, аз ҳукми додгоҳ "бениҳоят хушҳол аст". Айбдоркунандаи давлатӣ пештар аз ин хоста буд, ки Таборак аз кишвар ихроҷ шавад. Читать полностью...