Аз журналистон хостанд, ки маъюбонро "бадбахт" тасвир накунанд. ВИДЕО Созмони занони маъюб аз журналиcтон хостааст, ки ҳангоми навиштани матолибу гузоришҳо дар бораи маъюбон, аз ибораҳои дуруст истифода баранд. Нисо Шамсиева, як корманди Созмони занони маъюб гуфт, дар ҷумлаҳои журналистон ба мафҳумҳое чун "ба маъюбии худ нигоҳ накарда" ё "Кӯдакҳои офтобӣ" дучор шудан мумкин аст, ки ба эҳсоси маъюбон нохун мезанад. Ин созмон ҳоло ёддоштеро ба шакли "Чӣ тавр набояд гуфт", тартиб дода ва аз журналистон хостааст онро риоя кунанд. Шамсиева аз журналистон хост "ба маъюбон ба унвони одамони солим назар андозанд". Читать полностью...