Боздошти раиси дастгоҳи ҳокимияти Мастчоҳ дар як амалиёти вижа Кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Идизодаро бо гумони гирифтани ришва боздошт кардаанд. Наздикони ӯ мегӯянд, номбурда ҳамагӣ ним сол пеш ба ин мақом таъйин шуда, дасти пок дошт ва ин боздошт зимни туҳмат анҷом ёфтааст. Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод гуфт, Муҳаммад Идизода бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол, як шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо дуруштӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта... Читать полностью...