Покистон модели Чехияро бо ҷурми қочоқи ҳероин 8 сол зиндонӣ кард Додгоҳи Покистон модели 22-солаи Чехияро бо ҷурми кӯшиши қочоқи ҳероин ба муҳлати 8 солу ҳашт моҳ зиндонӣ кард. Ҳукми Тереза Ҳлушковаро додгоҳи шаҳри Лоҳур, маркази маъмурии вилояти Пунҷоб, рӯзи 20 март эълон кард. Ба гуфтаи додгоҳ, Ҳлушкова бо 8,5 кило ҳероин моҳи январи соли 2018 дар фурӯдгоҳи Лоҳур боздошт шуд. Ӯ мехост тавассути Иморати Муттҳаидаи Араб ба Ирландия равад. Ҳлушкова баъди боздошташ ба муфаттишон гуфт, ки мехост дар Покистон ҳамчун модел кор кунад, аммо ҳангоми бозгашт касе дар бағоҷаш маводи мухаддир гузошт. Читать полностью...
Неделю с 6 по 12 мая 2024 года Министерство здравоохранения Российской Федерации объявило Неделей сохранения здоровья легких
Певец Сергей АРУТЮНОВ и солистка группы Демо - встречаются, или просто выпустили совместный хит “Солнышко”? Разлад АРУТЮНОВА и Маши Малиновской?