Ҳалокати 10 нафар дар ҳамлаи мусаллаҳона ба мактабе дар Амрико Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар натиҷаи тирандозии як нафари мусаллаҳ дар мактабе дар аёлати Техас даҳ нафар, аз ҷумла хонандаҳо, кушта шудаанд. Грег Эббот, волии Техас, гуфт, ҳамлавар бо худ маводи тарканда ҳам дошт. Феълан ӯ дар боздошт қарор дорад. Волии Техас афзуд, ҳамлавар қасд доштааст, ки дар ин ҳодиса худро низ аз байн бибарад, аммо аз ин тасмимаш сарфи назар кардааст. Ӯ ба мақомот гуфтааст, ки ҷуръат накард, ба зиндагиаш хотима диҳад. Дар ин тирандозӣ даҳ нафари дигар захмӣ шудаанд. Читать полностью...
Генерал-полковник Алексей Воробьев высоко оценил подготовку кинологов Росгвардии к предстоящим соревнованиям по профессиональному многоборью