Чин хостори бозкушоии ҳарчи зудтари тангаи Ҳурмуз шуд
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва ҳамтои чиниааш Ванг И, рӯзи чоршанбе, 6 май дар Пекин мулоқот карданд.
Дар баёнияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Чин аз музокироти ин ду дипломати баландпоя нашр кард, гуфта шудааст, вазири корҳои хориҷии Чин хостори поёни танишҳо дар Ховари Миёна ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз "дар зудтари вақт" аз сӯи Эрон ва Амрико шуд.
Дар баёния аз ҷумла омадааст, "Чин ба ин бовар аст, ки даргириҳо бояд бе таъхир ва ба сурати комил қатъ ёбад. Оғози дигарбораи таниш ғайри...