Ҷасади Шаҳбоз пас аз 10 рӯз аз марзи Узбекистон пайдо шуд
Ҷасади Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, як сарбози Вазорати мудофеаи Тоҷикистон, ки 10 рӯз пеш худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, аз марзи Узбекистон пайдо шудааст.
Яке аз наздикони ин хонавода рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Шаҳбоз имрӯз дар марзи Регар бо вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя пайдо шуд.
Ба гуфта ӯ, тобути Шаҳбозро падараш тавассути қаламрави Узбекистон ба Тоҷикистон овард. Ҷасадро имрӯз дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ба хок супурдаанд.
Ин сарбози 23-сола рӯзи 27-уми апрел худро ба дарё партофт.