Боздошти як мард ба иттиҳоми фурӯши ду хирсбачаи малламӯй
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти ғайриоддӣ дар вилояти Суғд хабар додааст ва дар бораи талоши фурӯши ғайриқонунии ду хирсбачаи малламӯи тиёншонӣ.
Вазорат имрӯз дар як баёнияи расмӣ гуфт, кормандони милиса як сокини 28-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дастгир карда ва ба зидди ӯ бо гумони шикори ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Номи ин ҷавони 28-соларо набурдаанд, вале гуфтаанд, ки ӯ охири моҳи марти имсол дар минтақаи "Қизилтайгӣ" воқеъ дар ҷангалзори Кӯҳсовлисои ноҳияи Шаҳристон...