Консерти Юлдуз Усмонова дар Ню-Йорк бекор шуд
Консерти Юлдуз Усмонова, ҳунарманди шинохтаи Узекистон, ки бояд рӯзи 9-уми май дар Ню-Йорки Амрико баргузор мешуд, бо даъвои ҷомеаи яҳудиёни бухороӣ бекор шудааст.
Ин ҳунарманд бояд дар театри “Oceana”-и минтақаи Бруклини Ню-Йорк, ки сокинонаш аксаран аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳастанд, ҳунарнамоӣ мекард.
Ҷомеаи яҳудиёни бухороии Бруклин Юлдуз Усмоноваро “яҳудиситез” номида гуфтаанд, ки ӯ соли 2021 аз мардуми Фаластин пуштибонӣ карда буд.
Дар чанд рӯзи гузашта ҷомеаи яҳудиён дар Ню-Йорк бо талаби...