Мусофирони фурудгоҳи Дубай 66 дарсад кам шудааст
Дафтари расонаҳои Дубай рӯзи 4 май эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҷараёни даргириҳо дар Ховари Миёна, шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай дар моҳи март 66 дарсад коҳиш ёфта, ба 2,5 миллион нафар расидааст.
Ба гуфтаи мақомҳо, ин коҳиш натиҷаи халалдор шудани парвозҳо дар ҳарими ҳавоии минтақа ва маҳдуд шудани барномаи парвозҳо будааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Дубай, ки аз сериздиҳомтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон аст, дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Теҳрон...