Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Филиппин барои "иқомати машкук"
Расонаҳои Филиппин аз боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Маравии он кишвар, хабар додаанд.
Бино ба навиштаи вебсайтҳои хабарии GMA News ва Филстар, шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Тоҷикистон рӯзи 17 апрел дар пайи як амалиёти муштараки Идораи муҳоҷират ва пулиси ин кишвар, дастгир шуданд.
Аз онҳо Ҷомӣ Сафаров ва Абубакр Алимов ном бурда шудаааст ва бино ба ин гузоришҳо, онҳо чанд ҳафта боз дар шаҳри Марави иқомат доштаанд.
Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки боздошти ин ду ҷавон дар доираи чорабиниҳои зиддитеррористӣ сурат гирифта...