Як пажӯҳиш Тоҷикистонро дар баробари таҳдидҳои террористӣ осебпазир гуфт
Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягии Афғонистон қарор дорад, осебпазиртарин кишвар дар баробари таҳдидҳои террористӣ дар минтақа будааст. Хатари терроризм дар ин кишвар дар соли 2026 "муътадил" арзёбӣ шудааст.
Ин хулосаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ аст, ки ҳар сол шохиси таҳдидҳои теророристиро дар саросари ҷаҳон нашр мекунад. Бино ба гузориши нави ин пажӯҳишгоҳ, мавқеи Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта бадтар шудааст.
Дар раддабандии таҳдидҳои террористӣ имсол кишвар дар мавқеи 41-ум ҷой гирифтааст...