Ҳусиҳои Яман ба сӯи Исроил мушак партоб кардаанд
Исроил аз шиносоии як мушаки партобшуда аз Яман хабар дод. Агар ин маълумот тасдиқ шавад, ин нахустин мушаки ҳусиҳои Яман аст, ки аз замони оғози ҷанг бо Эрон, ба сӯи Исроил шиллик мешавад.
Ҳусиҳо гуруҳи таҳти ҳимояти Ҷумҳурии исломӣ мебошанд, ки як қисмати Яман, аз ҷумла пойтахт шаҳри Санъоро зери назорат доранд.
Ҳусиҳо дар баёнияе, ки аз тариқи телевизонҳои давлатии Ҷумҳурии исломӣ пахш шуд таҳдид карданд, ки дар сурати идомаи ҳамла ба Эрон, алайҳи ИМА ва Исроил амалиёт мегузаронанд.
Давоми як моҳи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон...