Боздошти як афсари амрикоӣ бо "миёнравӣ"-и муҳоҷири тоҷик
Додситонии кулли Амрико аз боздошти як афсари пешини Оҷонси муҳоҷират дар шаҳри Вудлини аёлати Пенсилвания хабар дод. Умар Дукулии 44-сола ба ришвагирӣ гумонзад аст.
Ба гузориши баъзе аз расонаҳои Амрико, Дукули хабар надошт, ки марди ба ном "террорист" як хабаррасони пинҳонии муфаттишон буда, ҷараёни порадиҳиро сабт мекард. Ӯ як шаҳрванди Тоҷикистон будааст, аммо дар борааш маълумот нест.
Бино ба изҳороти Вазорати адлияи Амрико аз 25-уми март, додситон Дэвид Меткалф гуфтааст, Умар Дукули аз соли...