7 хати интиқоли барқи Кувайт аз кор монд. Раҳгирии паҳподҳо дар Саудӣ
Кувайт рӯзи 24-уми март эълон кард, ки системаи дифои ҳавоии ин кишвар дар ҳоли муқобила бо "ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ" ҳаст. Артиш аз шаҳрвандон хост, дастури мақомотро риоя кунанд.
Ҳамзамон, Вазорати барқи Кувайт хабар дод, ки дар пайи суқути боқимондаҳои мушакҳои раҳгиришуда ҳафт хати интиқоли барқ аз кор монд.
Арабистони Саудӣ низ субҳи 24-уми март эълон кард, ки падофанди ҳавоии ин кишвар тайи ду соат, дар чанд ҳамлаи ҷудогона, дар маҷмӯъ 19 паҳподро, ки вилояти Шарқияи ин кишварро ҳадаф қарор дода буданд, раҳгирӣ ва аз байн бурд.