Трамп гуфт, дар ҳамла ба майдони гази Порси Ҷанубӣ ҳеч нақш надоштанд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълом кард, ки ҳамла ба майдони гази Порси Ҷанубии Эрон тавассути Исроил анҷом шуд ва Иёлоти Муттаҳида ва Қатар ҳеч нақше дар он надоштаанд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш навишт, Вашингтон аз ин ҳамла иттилоъ надошт ва Қатар низ комилан бехабар буд.
Раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи дубораи Ҷумҳурии Исломӣ ба Қатар, Амрико майдони гази Порси Ҷанубиро “ба таври густарда” ҳадаф қарор хоҳад дод.
Ба гуфтаи ӯ, Исроил низ дигар ба ин таъсисот ҳамла нахоҳад кард...