Омодагӣ ба як нишасти дигар дар бораи об дар Тоҷикистон
Тоҷикистон аз 25 то 28-уми майи имсол мизбони як нишасти байнулмилалӣ дар мавриди об хоҳад буд. Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ҳадафи онро баён дошт.
“Бо вуҷуди пешрафти назаррас миллиардҳо нафар ба оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва хатари афзояндаи офатҳои табиӣ ба захираҳои об фишори бесобиқа меоранд,” – гуфт ӯ.
Тоҷикистон нишастро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал баргузор мекунад.