Тоҷикистон $187 млн қарзашро дод, аммо мехоҳад боз қарз гирад
Соли 2025 Тоҷикистон 187 миллион доллар қарзи хориҷиашро кам кардааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузориши ахираш навиштааст, ба ҳолати 1 январи соли 2026 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 17,1 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Соли гузашта Тоҷикистон асосан қарзашро дар назди "Эксимбонк"-и Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кардааст. Аз ҷумла, қарзи Душанбе аз "Эксимбонк"-и Чин аз 820 миллион доллар ба 737 миллион доллар кам шудааст. Ин бонки чинӣ бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад.