Оташбаси муваққат миёни Покистон ва Толибон ба муносибати Иди Фитр
Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон, шаби гузашта эълон карданд, ки ба муносибати Иди Фитр, бо дархости Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия муваққатан оташбас карданд.
Атоуллоҳ Тарар, вазири иттилооти Покистон чоршанбеи 18 март гуфт, ин оташбас аз панҷшанбе то нимашаби душанбе иҷро хоҳад шуд. Ӯ дар шабакаи Х навишт, "Покистон ин иқдомро ҳамчун ҳусни ният ва дар ростои риояи арзишҳои исломӣ анҷом медиҳад".
Аммо Атоуллоҳ Тарар ҳушдор дод, ки "дар сурати ҳар гуна ҳамлаи фаромарзӣ, ҳамлаи паҳбодӣ ё ҳар ҳодисаи террористӣ дар дохили Покистон...