Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст
Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст.
Мақомот гуфтанд, ин ёрӣ аз 3610 тонна бор, аз ҷумла дору, маводи беҳдоштӣ, либоси кӯдакон, хӯрокворӣ, рахти хоб, хайма ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки корвони мошинҳо рӯзи 18-уми март ба роҳ баромад ва "ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд мешавад".
Узбекистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ҳам хабар доданд, ки барои мардуми зиёндида аз низоъ дар Эрон кумак фиристоданд.