"Вахш" дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дар мақоми аввал аст
Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 13-15-уми март баргузор шуданд.
Нахуст дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлотияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба рақобат пардохтанд. Бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Сипас дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи нави лигаи олӣ – “Сардор”-и шаҳри Турсунзода – бо тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи...