Ҳалокати 4 кас дар суқути ҳавопаймои Амрико дар Ироқ
Як ҳавопаймои бузурги амрикоӣ, зоҳиран, бар асари садамае дар ҳарими ҳавоии Ироқ сарнагун шуда, чор сарнишини он ба ҳалокат расидаанд.
Ситоди фармондеҳии Амрико, ки назорати амалиётро дар Ховари Миёна дар уҳда дорад, гуфт, ҳавопаймои KC-135 рӯзи 12-уми март дар ғарби Ироқ сарнагун шуд.
Ин навъи ҳавопаймоҳо барои пур кардани захираи маводи сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳангоми парвоз истифода мешаванд.
Ба қавли ситод, ҳавопаймо ҳангоми ширкат дар амалиёти Эрон суқут кард, вале на оташи душман ва на оташи...