Даҳ кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд
Даҳ кӯдаки бемори тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 12 март хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, кӯдакон, ки аз нуқси модарзодии дил ранҷ мекашанд, дар Чин ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Дар ин сафар яке аз волидон ҳам онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Ба навиштаи манбаъ, ин тасмим ахиран дар мулоқоти масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Сафари кӯдакони бемор...