Эълони ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"
Додгоҳи ҳарбии Русия рӯзи 12-уми март чор гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳол"-ро дар соли 2024 ба ҳабси абад маҳкум кард.
Хабаргузории расмии ТАСС аз толори додгоҳ навишт, инҳо Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода мебошанд.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи...