Швейсария сафораташро дар Эрон муваққатан баст
Вазорати корҳои хориҷии Швейсария рӯзи 11 март эълон кард, ки бинобар идомаи ҷанг дар Ховари Миёна ва афзоиши хатарҳои амниятӣ, сафорати худ дар Теҳронро муваққатан мебандад.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар эъломияи ин вазорат гуфта шудааст, ки Швейсария бо машварати ду кишвар, ба ҳифзи хати иртиботи боз байни Амрико ва Эрон идома хоҳад дод.
Ҳукумати Олмон ҳам ба далели таҳдидҳои амниятӣ аз даргириҳои низомӣ дар Ховари Миёна, кормандони шуморе аз намояндагиҳои дипломатии худ дар минтақа, аз ҷумла, Эрон ва Ироқро коҳиш додааст.