Амрико ба Русия дар бораи ироаи маълумот ба Эрон ҳушдор дод
Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна эълон кард, Вашингтон ба Маскав ҳушдор додааст, ки дар ҷанги Эрон маълумоти низомӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор надиҳад.
Виткофф рӯзи 7 март дар посух ба пурсиши хабарнигорон гуфт, "ба таври ҷиддӣ" ба Русия гуфтааст, чунин маълумоте дар ихтиёри Эрон қарор надиҳад. Аммо ӯ ҷузъиёти бештар пешниҳод накард.
Пештар расонаҳо, аз ҷумла, CNN, "Вашингтон пост" ва "Ню-Йорк Таймз" ба нақл аз манбаъҳои истихборотии Амрико гузориш дода буданд, ки Кремл маълумоте дар бораи ҷойи ҷобаҷойи нерӯҳо...