Трамп аз таъхири Бритониё дар ҳимоят аз ҷанг бо Эрон интиқод кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 март бо интиқод аз Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, ИМА дигар ба фиристодани новҳои ҳавопаймобари Бритониё ба Ховари Миёна ниёзе надорад.
Трамп дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, Бритониё, ки ба гуфтаи ӯ, "замоне бузургтарин муттаҳиди Амрико" буд, акнун ба фиристодани ду нови ҳавопаймобар ба минтақа фикр мекунад".
Ӯ афзуд, "мушкиле нест, ҷаноби нахуствазир, мо дигар ба онҳо ниёз надорем, аммо инро фаромӯш нахоҳем кард. Мо ба касоне...